Ба гузориши хабаргузории "Абно" ба нақл аз "Русия ал-Яум", Меланшон дар мусоҳибае бо канали фаронсавии LCI бо баёни ин ки суханонаш хитоб ба мақомоти кунунии режими Исроил аст, гуфт: "Исроил тарафест, ки дар ҷустуҷӯи ба шиддат овардани низомӣ дар минтақа аст ва мартакиби геноцид (куштори дастаҷамъӣ) мешавад."
Дар ҳамин замина, Меланшон сӯҳбатеро, ки бо як мақоми низомии Созмони Милали Муттаҳид доштааст, бозгӯ кард, ки дар он дар бораи мавқеи нерӯҳои Созмони Милали Муттаҳид дар сурати ҳамлаи Исроил ба Лубнон пурсидааст. Ба гуфтаи Меланшон, посух ин буд, ки "фармонҳо дар бораи ақибнишинӣ содир шудааст."
Меланшон ба сахтӣ аз ин мавқеъ интиқод кард ва хориҷ шудани нерӯҳои ҳофизи сулҳро мухолифи моҳияти вазифаи онҳо донист.
Вай изҳор дошт, ки нақши онҳо бояд ҷудо кардани тарафҳо бошад, на ақибнишинӣ аз минтақаҳои низоъ.
Вай афзуд, ки Фаронса ҳамла ба сарбозони худро таҳаммул намекунад ва ба ҳамин тартиб посух хоҳад дод.
Жан-Люк Меланшон, номзади президентии Фаронса, Исроилро «хавфноктарин» дар минтақа ва ҷаҳон баршумурд ва аз кабинети Бинёмин Нетанёҳу ба сабаби «ҷангангезӣ» ва ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя интиқод кард.
Your Comment